Eng

Баланд бардоштани саводнокии молиявии ахоли

Мафхум ва мохияти саводнокии молиявии ахоли

Саводнокии молияви – ин мачмуи маълумотхои асоси дар сохаи молия, фаъолияти бонки, сугуртакуни ва инчунин бучетикунонии маблагхои шахси, ки ба шахс имконият медиханд, то махсулоти зарурии молиявиро/хизматрасониро дуруст интихоб карда, окилона баходихи намояд, хавфхои дар рафти истифодаи онхо бамиёномадаро ба зимма гирад, самаранок пасандозхоро чамъовари намояд ва тавонад амалиётхои шубханок ва дорои хусусияти каллобидоштаро муайян намояд. Дуруст идора намудани захирахои пули ба саводнокии молияви асос ёфтааст. Ин ба хамаи самтхои асоси дахл дорад, ба монанди:

- дуруст ва окилона истифода бурдани захирахои пули барои истеъмолот;

- фарханги пасандозкуни бо максади зиёд намудани дороихо;

- истифодаи босамари захирахои пули барои маблаггузори;

Аз тарафи олимон, тадкикотчиён ва шахсоне, ки дар амалия бо масалахои баланд бардоштани сатхи саводнокии молиявии ахоли сару кор доранд, фикру мулоизахои гуногун оиди мафхуми «саводнокии молияви» вучуд дорад.

Кайд кардан зарур аст, ки таърифи макбули умуми мафхуми «саводнокии молияви» то ба имруз вучуд надорад. Таърифхои мухталифи ин мафхум истифода мешаванд, ки аз тарафи муаллифони гуногун вобаста ба максаду вазифахои гузошташуда ва инчунин дарачаи биниши онхо дода шудаанд.

Саводнокии молияви – кобилияти зиндаги кардани одамон дар худуди даромадхои худ, назорати вазъи молиявии худ, ба накша гирифтани даромадхо ва харочотхои ояндаи худ, махсусан нафака, дуруст интихоб намудани махсулотхои молияви ва ба масалахои молияви сарфахм рафтанро пешбини менамояд.

Баланд бардоштани саводнокии молияви баробари таълими молияви ва химояи хукукхои истифодабарандагони хизматрасонихои молияви аз тарафи Комиссияи Иттиходи Аврупо ва Ташкилоти хамкории иктисоди ва рушд (ТХИР) хамчун масалаи мубрами рушди чамъияти эътироф шудааст.

Зери саводнокии молияви, хамчун натичаи таълими молияви, мачмуи ду чузъиёти зерин фахмида мешавад:

1) аз тарафи шахс, доштани маълумот дар бораи махсулотхои молиявии мавчуда ва истехсолкунандагони (фурушандагони) онхо, ва инчунин шабакахои мавчуда барои гирифтани маълумотхо ва хизматрасонихои машварати;

2) кобилияти истеъмолкунандаи хизматрасонихои молияви, истифода намудани маълумотхои мавчуда дар рафти кабули карор: хангоми амали намудани хисобкунихои махсус, баходихии хавф, мукоисакунии афзалиятхо ва норасогихои ин ё он хизматрасонихои молияви».

Саводнокии молияви (хамчун малакахое, ки дар раванди омузиши ба даст оварда мешаванд) се чузъиёти ба хам вобастаро дарбар мегирад:

- дастурхо;

- маълумотноки;

- малакахо;

Кисми якум – дастурхои дуруст. Ин асоси саводнокии молияви мебошад. Сухан дар бораи ташаккули рафтори фарханги молиявие меравад, ки аз банакшагирии бучети оилави барои ояндаи дур шуруъ мешавад ва хамчунин коркарди стратегияи амали намудани талаботхо барои хар як давраи хаётро дарбар мегирад.

Кисми дуюум – дониши зарури. Принсипхои асосии фаъолияти бозори молияви, фахмиши мохият ва функсияхои ташкилотхои молияви, намуди махсулот ва хизматрасонии онхо, фахмиши умумии (минимали) саводнокии хукукию андозбанди, донистани масъулияти ташкилотхои карзи ва молияви дар назди мизочон ва баръакс, донистани оддитарин мафхумхои молияви, аз чумла мафхумхои: хавф ва даромадноки, таваррум, пардохтхои накдию ?айринакди ва ?айра.

Кисми сеюум – малакахои зарури. Дуруст фахмидани шартнома ва мазмуни маълумотхои дар он буда, мукоиса карда тавонистани пешниходхои ширкатхои/бонкхои гуногун, дар вакти зарури баён карда тавонистани норозиги, ё, агар хукукхо поймол шуда бошанд, шикоят намудан ва инчунин дарёфти роххои ба даст овардани маълумотхо оид ба бозор ва ?айра.

Имруз саводнокии молияви хамчун дониш барои шахс басанда набуда, пеш аз хама он бояд малакахоеро фаро гирад, ки дар зиндагии харруза васеъ истифода бурда шаванд ва ба маънои том барои одамон хаётан зарур бошанд.

Мохияти саводнокии молияви дар мавчуд будани донишу малакахои идоракунии босамари мабла?хои шахси мебошад, ки ба ахоли ин имкониятхоро медихад:

- самаранок ташкил намудани раванди бахисобгирии харочотхо ва даромадхои шахси;

- кам кардани харочотхои зиёдати бо максади чамъоварии пасандозхо барои сармоягузори ва ё барои дигар максадхо;

- фахмидани фаркият ва хусусиятхои махсулотхои молияви;

- худдори намудан аз иштирок дар амалиётхои шубханок, хусусан дар амалхои каллоби;

- хангоми истифодабарии хизматрасонихо ва махсулотхои молияви масъулиятнок будан;

- самаранок идора кардани мабла?хои шахси.

МАКСАДХОИ САВОДНОКИИ МОЛИЯВИ;

Максади асосии саводнокии молияви дар шароити хозира – таъмини бехатарии молияви-иктисоди ва ичтимои-сиёсии ахоли ба хисоб меравад, аз чумла тавассути:

1. Бехтар намудани сатхи дониш ва малакахои ахоли, ки барои самаранок истифодабарии захирахои молияви равона карда шудаанд.

2. Баланд бардоштани сатхи дониши ахоли оид ба махсулотхо ва хизматрасонихои ташкилотхои молияви-карзи.

3. Баланд бардоштани фарханги пасандозкунии ахоли.

4. Муносибати чиддии ахоли хангоми кор бо ташкилотхои молияви-карзи.

5. Хавасманд кардан ва такмил додани имкониятхои сохибкории ахоли.

6. Пайдо намудани дониш ва малакахое, ки ба ахоли имконияти муайян намудани амалиётхои каллоби ва пирамидахои молиявиро медиханд.

7. Баланд бардоштани масъулияти шахси барои кабули карорхои молияви.

8. Баланд бардоштани сатхи саводнокии молияви имконият медихад, ки ахоли барои расидан ба максадхои ?арази сиёсии шахсони алохида, хамчун восита истифода бурда нашавад.

9. Баланд бардоштани некуахволии ахоли.

Саводнокии молияви, дар мачмуъ, имконият медихад, молия ва бучети оилави самаранок идора гардад, эхтиёчотхои молияви-карзии худ бидуни гирифтори хавфи зиёдати, конеъ карда шавад.

Аз чумла, имконият медихад:

Ба кудакон – хубтар фахманд, ки пул чи аст, барои чи зарур аст ва аз кучо падару модар онхоро пайдо мекунанд.

Ба чавонон – хануз дар аввали хаёти мустакилона захирахои молиявии худро дуруст ва самаранок истифода бурда, бучети худро барои ояндаи дур ба накша гирифта ва бо максади сармоягузори намудан накшаи пасандозии худро тартиб дода, онро чамъовари намудан. Ба одамони сину соли миёна – бехтар ба нафака омода шудан, худро бо сарчашмахои иловагии даромад таъмин намудан, то хангоми ба нафака баромадан хамчун дастгирии иловаги хизмат кунанд. Ба одамони сину соли нафакави – даромадхои нафакавии худро самаранок истифода бурдан, аз каллобон ва пирамидахои молияви эмин нигох доштан ва аз махсулотхои молиявии хозиразамон, аз чумла барои нафакахурон пешбинишуда истифода бурдан.

ХИСОББАРОБАРКУНИХОИ ГАЙРИНАКДИ ВА АФЗАЛИЯТХОИ ОН

Дар замони муосир воситахои хисоббаробаркунихои гайринакди, дар тараккиёти худ, ба зинаи сифатан нав кадам мегузоранд. Мсалан, дар иктисодиёти Шветсия, аз руи маълумоти расми, пули накд танхо 3% хачми умумии муомилоти пулиро ташкил медихад, дар ИМА бошад ин ракам дар сатхи 7% карор дорад. Шумораи зиёди кишвархо холо тадричан аз хисоббаробаркунихои накди ба усулхои нисбатан мусоид, арзон ва самараноки муомилоти гайринакди мегузаранд.

Афзалиятхои асосии хисоббаробаркунии гайринакди дар чист?

Осони.Яке аз афзалиятхои пардохтхои гайринакди, хох кортхои пардохтии бонки ё дигар усулхои хисоббаробаркуни тарики воситахои электронии пардохт бошад, ин осонии истифодаи онхост. Зарурати бо худ хамрох гирифта гаштани маблаги калони пул аз байн рафта, хамзамон имкони гайринакди пардохтани нархи моли харидашудадар дохил ва хоричи мамлакат зиёд шуда истодааст. Хар дафъа пули накд гирифтан, майда кардани пулхои калон ё бакияпули бо танга гирифтан зарурат ва маъно надорад. Масалан, барои дорандагони кортхои пардохтии бонки умуман шарт нест, ки хатман аз банкомат пули накд гиранд, балки кифоя аст, ки дар магоза, (дар чойхое, ки корт кабул мекунанд), барои хизматрасонии комунали ё мобили ва гайра пардохтро тарики гайринакди анчом диханд.

Гирифтани маблаги накд аз суратхисобхои корти дар нуктаи хизматрасони ва ё фавран фиристодани пул аз суратхисобхои корти ба шиносхо ва наздикони дар масофаи дур буда, имконпазир гардид.

Бехатари.Воситахои хисоббаробаркунии гайринакди хангоми дуруст истифода шудан тарзи нисбатан бехатари пардохти мол ё хизматрасони мебошанд. Якум, онхои имкон медиханд, ки хамрохи худ накдинаи зиёд гирифта нагардед ва дар хусуси бехатар нигох дошта шудани онхо дар ташвиш набошем. Дуюм, дар сурати гум шудани (дузди, гумшави, нобудсози ва г.) хамён, пули накдро якинан баргардонидан душвор аст, дар холе, ки маблагхои дар суратхисоби корти пардохтии бонки ё дар хамёни электрони бударо зуд бастан мумкин аст. Камтар будани хавфи гумшавии маблаги пули ва имконияти баркарорсозии он ба сохиби маблаг дар химояи онхо бовари мебахшад.

Назорату пайгирии харочот.Маълумот дар бораи хамаи он маблагхое, ки барои молу хизматрасонии гуногун харч мегардад, дар воситахои хисоббаробаркунии гайринакди махфуз нигох дошта мешавад.

Вакте, ки Шумо дар бораи маблагхои харчкардаатон маълумот доред, метавонед ба саволи «Пул ба кучо рафт?» чавоб пайдо намоед. Ба воситаи корти пардохтии бонки пардохт кардани моли харидашуда – ин вокеан супориши Шумо ба бонк аст, ки аз суратхисоби Шумо маблаг дода шавад. Бо доштани нусхаи электронии хамаи пардохтхо барои Шумо пайгирию назорат кардани транзаксияи (амалиёти) даркори осонтар мебошад. Масалан, агар моли пулаш додашуда, нохост бесифат барояд, имкон аст, ки дар сурати бе ягон асос гашта нагирифтани мол пулатонро бозхост намоед.

Интизоми бучет.Вакте, ки маълумотро дар бораи маблагхои сарфкардаатон тахлил мекунед, Шумо метавонед бучети худро бехтар пеш бурда, харочотхоятонро пешаки ба накша гиред. Дар холи хозир ба гайр аз беруннависи суратхисоби бонки боз замимахои мобили ва дигар василахо барои пайгирию назорати харочот вучуд доранд. Масалан, тарики СМС – паёмак (огохинома) метавонед бо осони дар бораи маблаг дар суратхисобатон маълумот гиред. Ин дар навбати худ ба Шумо к=мак менамояд, ки харочоти барзиёдро махдуд карда, баръакс, маблагхоятонро пасандоз ва афзун намоед.

Хизматрасонихои иловаги.Холо хизматрасонихои иловагии зиёде мавчуданд, ки онхоро бонкхо ва хам баъзе муассисахои савдою хизматрасони ба хотири зиёд кардани боварии муштариён пешниход мекунанд. Ба ин метавон барномахои тахфифи барои хавасмандсозии истифодаи шакли гайринакдии пардохт, пешниходи бонусхо, имконияти истифодаи хизматрасонии хос (дар фурудгоххо, мехмонхонахо ва г.), пардохти бефоизи молу хизматрасони ва гайра дар хамаи кишвархои чахонро дохил кард.

Рушди хисоббаробаркунихои гайринакди хамчун омили инкишофи низоми молияви дар гани гардонидани бучети кишвар накши мухим дорад. Истифодаи оммавии воситахои электронии пардохти хангоми хисоббаробаркунихо (хариди молу хизматрасонихо) ба шаффоф гаштани чараёнхои молияви, кохиш ёфтани хачми иктисодиёти гайрирасми, афзоиши воридоти маблагхои андоз ва дигар пардохтхои хатми ба бучети давлати, инчунин ба зиёдшавии хачми амонатхо мусоидат менамояд.

Аз чониби дигар, гузариш ба пардохтхои гайринакди ба ахолии кишвар имконият медихад, ки харчи бештар ба хизматрасонихои пардохти дастраси пайдо намуда, бидуни ташриф овардан ба марказхои хизматрасонии бонки бо роххои кулай, осон ва босуръат пардохти молу хизматрасонихоро ба таври фосилави анчом диханд ва вакти худро сарфа намоянд.